Санаи 11.12.2023 дар толори Шӯрои олимони Коллеҷ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии адабӣ-сиёсӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ Раҳматуллозода Мавзуна Раҳматулло мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Маҳмадалиева Наргис Исмонқуловна сармутахассиси шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Чорабиниро муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷ Файзуллоева Дилрабо Назарвалиевна оғоз намуда, аз ташрифи меҳмонон ҷиҳати табрики аъзоёни фаъоли ҳизби муассиса ба муносибати ин ҷашни сиёсии кишвар изҳори минатдорӣ намуданд. Муаллима ҳозиринро бо ин ҷашни сиёсии миллат табрик намуда, ба ҳамагон саломативу муваффақият ва ба Тоҷикистони азиз сарсабзии ҳамешагиро таманно намуданд.
  Зимни суханронии хеш муаллима Файзуллоева Д.Н. қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз нерӯҳои сиёсӣ ва пуриқтидори кишварамон маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки ин ҳизб зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда истода, пайваста ба пирўзиҳо ноил гашта истодааст ва ҳадафи асосии бунёди он бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Муаллима бо ифтихор зикр намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти кормандон ва бедор намудани ҳисси худшиносии ҷавонону наврасон, дар рўҳияи ватандориву ватанпарастӣ, талқини ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯёну дар пайгирӣ бо ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таълимӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” фаъолияти босамар менамояд. Аъзоёни ташкилот пайваста дар чорабиниҳои гуногуни дохилї ва берун аз он, дар сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар самти амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ва рушду нумӯи ватанамон мегузоранд. Сафи аъзоёни ҳизб дар муассисаи таълимӣ рӯз аз рӯз меафзояд, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва пайрави асили Пешвои миллат будани коллективи меҳнатӣ ва таҳсилкунандагони он шаҳодат медиҳад. Раҳматуллозода Мавзуна Раҳматулло мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба сухан баромада, аз фаъолияти босамари аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” изҳори минатдорӣ намуданд. Раҳматуллозода Мавзуна қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, фарогирандаи назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ба шумор меравад. Маврид ба зикр аст, ки маҳз ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи забон, фарҳанг, маданияту анъанаҳои миллӣ нақши муҳим дошта, баҳри барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Ҳифзи арзишҳои олии ватанпрварӣ, инсондӯстӣ ва аҷр гузоштан ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз арзишҳои Мавзуна Раҳматуллозода ба раис ва ъзоёни ташкилотии ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” таманниёти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо расонида бо мақсади қадрдонӣ ва эҳтиром ба як қатор аъзоёни фаъоли ҳизб аз ҳисоби кормандон “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо дар фазои тантанавӣ тақдим намуданд.

Leave a Comment