Санаи 08.05.2024 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад» , бахшида ба 9 май Иди “Ғалаба” доир гардид.
    Дар чорабинӣ меҳмонони гиромиқадр Усмонзода Муслим мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Абдурозиқов Қурбоналӣ Ҷумаевич-капитан, иштирокчии ҷанги Авғонистон, Мусоев Сайфулло, полковник, собиқадори Қушунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ, омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбии Коллеҷ полковник Қурбонов Икром иштирок доштанд.
   Чорабиниро Мисралиев Ф.Д.-ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ ифтитоҳ намуда, меҳмонони олиқадро бахши ба Иди Ғалаба табрику таҳният намуданд. Ҳамзамон дар баромадаш оид ба саҳми мардуми тоҷик дар ғалаба бар зидди фашизм ёдовар гардид.
   Сипас Усмонзода Муслим мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баромад намуда, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсиро бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба аҳли нишаст расонид.
    Меҳмонон низ дар рафти чорабинӣ баромад намуда, оид ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштироки фарзандони бонангу номус ва шуҷову далер дар ин ҷанги хонумонсӯз, ҷашни Ғалаба маъруза намуданд.
    Дар ҷамъбаст ба як қатор кормандони коллеҷ, ки саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намуда кадрҳои болаёқат доранд ва фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии муассиса иштирок менамоянд, аз ҷониби раёсати коллеҷ бо нишони Аълочиии маориф ва илм ва “Ифтихорнома” қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Comment