Шоми 20 майи соли 2024 бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ, тибқи супориши Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2024, №16484 (26.5), дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба “23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти унвони “Базми ҷавонӣ” чорабинии фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
   Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ғафорзода Юсуф, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Бо шукргузорӣ аз побарҷоии сулҳу ваҳдат дар сар то сарии кишвари азизамон Тоҷикистон чорабиниро Ғафорзода Юсуф ифтитоҳ намуда, минатдории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба ташкилкунангдагони ин базми ҷавонӣ, майдони шодиву сурур расониданд. Мавсуф зимни суханрониҳои хеш аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди фаъолият ва зиндагии осоиштаи ҷавонони саодатманди Тоҷикистон ёдрасӣ намуда қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баён намуданд, ки “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.
     Пас ҷавонони боори тоҷикро мебояд сазовори ин ҳама эҳтиром, ғамхорӣ ва бовариҳои Роҳбари давлат буда, барои пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ пайваста талош намоянд. Баъдан ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна ба сухан баромад, тамоми иштирокчиёни ин барномаи фарҳангиро ба муносибати 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” шодбош гуфта, ба ҳозирин кулли муваффақиятҳо ва ба Тоҷикистони азиз фазои абадии сулҳофарро таманно намуданд. Чорабинии фарҳангии омоданамудаи дастаи фарҳангии Коллеҷ, ки бо номи “Ваҳдатсаро” фаъолият менамояд барномаи рангини омода намудаи хеш, ки саропо рақсу сурудҳои ҷаззоби тоҷиконаро дар бар мегирифт ба тамошобинон, ки истиқоматкунандагон ва меҳмонони пойтахти азизамон Душанбешаҳр маҳсуб меёфтанд пешкаш гардониданд.
     Ҳамзамон бо мақсади эҳтироми тақвият додани ҳисси эҳтиром ҷавонон ба калонсолон аз ҷониби шуъбаи тарбияи Коллеҷ аксияи тарғиботӣ зери унвони “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз” гузаронида шуд, ки пирони хирад ва модарони мушфиқ аз ин иқдом ва эҳтироми насли ҷавон изҳори минатдорӣ намуда, ин ташаббуси роҳбарияти муассисаро хуш пазируфтанд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хотирмон ташкил ва баргузор карда шуд.

Leave a Comment