Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ ва дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23май” санаи 21.05.2024 маҳфили адабӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Адиб ва ҷавонон,” бахшида ба 83- солагии Шоири халқииТоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ бо иштироки меҳмони олиқадр Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло доир гардид.
Маҳфили адабӣ-маърифатиро ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Мисралиев Фахриддин ифтитоҳ намуда, зикр доштанд, ки чун ба ашъори шоири зиндаёд назар меафканӣ, дар он лаҳни шевои тоҷикӣ, мазмуни баланд, эҳсоси ширин, дарки амиқи инсондӯстӣ, тасвири манзараҳои дилфиреби Ватани азизамон пеши назар ҷилвагар мегардад.
   Сипас шоири ширинкалом Камол Насрулло суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки бартарии Лоиқ Шералӣ нисбат ба дигар ҳамқаламони ҳамдавронаш дар он буд, ки вай дар заминаи шеъри гузашта ва имрӯзаи тоҷикӣ, адабиёти форсизабон, адабиёти рус, адабиёти дунё, фарҳанг ва таърих таҳқиқ дошт. Ҳамаро месанҷид, меомӯхт, таҳлилу таҳқиқ менамуд ва дар бораи ҳар яке аз онҳо назари хоси худро дошт.
Ҳамин буд, ки шеъри устод Лоиқ Шералӣ то кунун дар қалби хонанда маскан гирифтаю ҳаводорони хешро гум накардааст. Устод Лоиқ Шералӣ аз бузургтарин суханварони охири садаи 20 аст, ки бо ашъори обдори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузошт. Камол Насрулло аз китобашон “Шоҳписари Хаём” ки ба устод Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст ёдовар гашта афзуд, ки Лоиқ ба ғазал ва рубоӣ пероҳани нав ва нигориши тозаро эҳдо намуд. Лоиқ Шералӣ соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки Ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин Лоиқ унвони давлатии “ Шоири халқииТоҷикистон ”-ро сазовор гардида буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.
  Омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии коллеҷ Яқубова Б. оид ба китоби “Девони ҷавонӣ”-и шоир маълумот дода, зикр дошт, ки дар он ашъори ба ҷавонӣ ва шубоб бахшидаи шоир гирд оварда шудааст.
  Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо аз ашъори Лоиқ Шералӣ манзури иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
  Дар интиҳои чорабинӣ ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Мисралиев Фахриддин ба донишҷӯён, омӯзгорон ва меҳмонон барои иштирокашон миннатдорӣ намуда, ба шоир Камол Насрулло аз номи раёсати коллеҷ “Сипоснома” тақдим намуд.

Leave a Comment