Санаи 22.05.2024 бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар иртибот ба дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2024, №16484 (26.5), дар ҳошияи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба “23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар саҳни муассисаи таълимӣ чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ зери унвони “Ҷавониро далерӣ зиракию нанг мебояд” ташкил ва баргузор карда шуд.
   Дар чорабинӣ Назарзода Манучеҳр муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
    Саҳнаи идона оро дода шуда, инъикоси навиштаҷотҳо бо иқтибос аз суханҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, ҷавлони парчамҳои давлатӣ, сарулибоси идонаи донишҷӯёну кормандон, садои савту навоҳои миллии тоҷикона аз танинандоз будани сулҳу ваҳдат дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ва масъулияти баланди роҳбарият, кормандон ва таълимгирандагони Коллеҷ шабоҳат медод.
   Чорабиниро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло оғоз намуда, қудуми меҳмононро ба ин даргаҳи касбу ҳунар шодбош гуфта, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин санаи таърихӣ, ки ба хотири арҷгузории кору афкор ва муваффақияту эҳтиром ба насли ҷавони кишвар маҳсуб меёбад табрику муборакбод намуда, ба ҷавонони саодатманди тоҷик муваффақияту сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи ҳамешагиро таманно намуданд. Зимни суханрониҳои хеш директори Коллеҷ қайд намуданд, ки ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки таваҷҷӯҳи хоссаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.
    Бо дастгирии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
   Роҳбари муассиса бо ифтихор зикр намуданд, ки тайи сесоли охир донишҷӯёни муассисаи таълимӣ, ки ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Аз ҷумла ду нафар донишҷӯдухтарон сазовори гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, як нафар донишҷӯписар сазовори гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, се нафар донишҷӯёни ихтисоси “Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ” дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳии кӯҳӣ дар ҷумҳурии Марий Эли Федератсияи Россия, як нафар донишҷӯдухтар ғолиби даври ноҳиявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, дастаи варзишгарони Коллеҷ дар мусобиқаи варзишии футболи хурд сазовори “Ҷоми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ду нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм дар даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” , се нафар донишҷӯён ғолиби даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” гардиданд, ки албатта дар оянда умедворем муваффақиятҳои донишҷӯёни Коллеҷ дучанд меяфзояд.
   Сипас Назарзода Манучеҳр ба сухан баромада, табрикоти сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо ба тамоми ҷавонон ва иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ расониданд. Мавсуф қайд намуданд, ки имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”.
   Пас вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Тавре Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби бахши фарҳанги Коллеҷ, ки суруду рақсҳо ҷаззобу дилкашро дар бар мегирифт пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ карда шуданд.
   Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба як қатор донишҷӯён ва кормандони фаъоли муассиса, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб гардиданд бо мақсади қадрдонӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-ҳо қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Comment