Санаи 24 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Мавриди қайд аст, ки дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 13 нафар, 2 нафар омӯзгор 11 нафар донишҷӯ Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанберо муаррифи намуда, ба тариқи зайл ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифанд.
1.Воҳидов Зеваршо Олимхонович- мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ аз рӯи номинатсияи “Эҷоди назм” сазовори ҷойи якум;
2. Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна – ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ аз рӯи номинатсияи “Эҷоди назм” сазовори ҷойи дуюм;
3. Сайдалиева Бунафша Миралиевна донишҷӯи курси 2- юм аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” сазовори ҷойи дуюм;
4. Қурбонова Абондухт донишҷӯи курси 1-ум аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классик” сазовори ҷойи дуюм;
5. Маҷидзода Абдухолиқ донишҷӯи курси 1-ум аз рӯи номинатсияи “Эҷоди наср” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамаи ғолибон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо “Ифтихорнома” ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Раёсати Коллеҷ ҳамаи ғолибони даври ноҳиявии озмунро бо ин дастовардашон табрику таҳният намуда, ба ғолибон дар давраҳои минбаъда барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Leave a Comment