Боиси қайд аст, ки аз санаи 23-29 майи соли 2024 Ҷоми ҷаҳон оид ба “Варзиши сайёҳӣ-роҳнавардӣ ва велосипедронӣ” дар вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ва баргузор гардид.
   Дар ин Ҷоми ҷаҳон аз Коллеҷ 10 нафар донишҷӯёни ихтисоси сайёҳӣ, ки аъзои дастаи мунтахаби Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон мебошанд, корманди маъмурият ва омӯзгорони ихтисоси сайёҳӣ фаъолона иштирок намуданд.
   Хурсандибахш аст, ки дар Ҷоми мазкур донишҷӯи курси 3, Зикрзода Салмон ва донишҷӯи курси 2, Ширинбеков Алишер аз рӯи номинатсияи роҳнавардӣ-эстафета байни мардон дар байни иштирокчиёни давлатҳои Федератсияи Россия, Белорусия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Славакия сазовори ҷойи 3-юм ва соҳиби медали биринҷӣ ва нишони Ҷоми ҷаҳон гардиданд.
  Роҳбарияти Коллеҷ ғолибонро ба ин пирӯзиашон дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ин дастовардро ба кулли омӯзгорон ва донишҷӯён муборакбод намуданд.

Leave a Comment