РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ – КАЛИДИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
(Дар ҳошияи вохӯрӣ ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30 майи соли 2024)
… АЗ РӮЗҲОИ АВВАЛИ ТАШКИЛИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ИЛМУ МАОРИФ ДАР СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ МАВҚЕИ МЕҲВАРӢ ДОШТА, ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОН ВА ОМӮЗГОРОНУ ЗИЁИЁН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҲАМАИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ КИШВАР МЕБОШАНД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
     Илм дар ҳама давру замон омили пешрафти ҷомеа дониста мешавад. Ин аст, ки имрӯз кулли кишварҳои дунё талош бар он доранд, то сатҳи илми давлати хешро рушд бахшида, тавассути он ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ноил гарданд.
     Махсусан, дар давраи ҷаҳонишавӣ аксари миллату давлатҳо барои ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пурзӯр намудани мавқеи худ талош намуда, ба таҳдидҳо ва тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба нерӯи зеҳнии халқияту миллатҳо бетаъсир намемонад, тавассути илму маориф мубориза мебаранд. Маҳз соҳаи илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат ҳисоб меравад. Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника рушду инкишофи тадқиқотҳои илмӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки давлате, ки олимону ихтироъкорони зиёди аз технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ хуб бохабарбуда ва дорои донишҳои технологии замонавӣ мебошанд, ҳамеша дар раванди ҷаҳонишавӣ муваффақ мегарданд.
Соҳаи илм яке аз сарчашмаҳои асосии тамоми муваффақият буда, он тамомнавашанда аст.
    Санаи 30-юми майи соли 2024 дар мулоқоти навбатияшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишварро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст, чунки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
    Бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур, мақому манзалати илм, олимону муҳаққиқон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор Сарвари давлат иброз карданд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ буда, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ба рушди илми тоҷик таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, олимону муҳаққиқони кишварро барои саҳмгузорӣ дар расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ҳидоят намуданд. Аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дорад ва олимону ихтироъкорон ва омӯзгорону зиёиён неруи созандаву пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
   Ҳукумату давлат ба заҳматҳои олимону кормандони соҳаи илм доимо таваҷҷӯҳ намуда, барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд. Сарвари давлат аз ҷумла қайд намуданд, ки ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.
Ба замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати қадрдонии олимони ҷавон роҳандозӣ гардидаанд. Имрӯз масъалаи маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол афзун карда истодааст, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.
    Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ роҳандозӣ гардидааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона шудаанд. Тавре Ҷаноби олӣ дар баромадашон иброз доштанд, агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо шуда, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаст.
   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мутаассифона, бо вуҷуди дастгириву таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумат, натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм ба талаботи замон ҷавобгӯй набуда, дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза мувофиқат намекунад.
   Инчунин, дар баромади сарвари мамлакат зикр гардид, ки сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ, аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз мо кормандони соҳаи илм ва муносибатҳои байналмилалиро зарур аст, ки ҳидоятҳои роҳбари давлат Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ дониста, дар ин самт корҳои заруриро анҷом диҳем:
   Дар баланд бардоштани мақоми илми муассисаи таълимӣ ва кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошем;
   Робитаҳои байналмилалиро бо ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дохил ва берун аз кишвар таҳкиму густариш диҳем;
Робитаи муассисаи таълимиро бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷиҳати омода намудани мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ ҷоннок намоем;
   Ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самтро роҳандозӣ намоем;
    Нашри мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи дохиливу ҷаҳонӣ зиёд карда, муассисаи таълимӣ ва мамлакатамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем;
    Ҷавононро ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат ҷалб намоем;
  Фаъолияти худро ҷиҳати такмили пойгоҳи илмиву таҳқиқотии муассисаи таълимӣ ҷоннок карда, барои баланд бардоштани рейтинги муассиса чораҳои муассир андешем.
    Ҳусейнова Шаҳло Зариповна – ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Leave a Comment