Тибқи нақшаи кории муносибатҳои байналмилалии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе шартномаи нави ҳамкорӣ байни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Коллеҷи сохтмонии шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
Созишнома аз ҷониби директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рабизода Наҷибулло ва директори Коллеҷи сохтмонии шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия Смольянова Геннадия Иродионович ба имзо расонида шуд.
      Дар доираи созишномаи мазкур табодули академӣ донишҷӯён, аз такмили ихтисос гузаронидани кормандону омӯзгорон, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.

Leave a Comment