Тибқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 18-19-уми апрели соли 2024 дар Коллеҷи муҳандисӣю омӯзгории шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон аз 01.01.2024, √°:АП-481 оиди баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» даври аввали озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни Коллеҷ фаъолона иштирок намуданд.
Озмун дар сатҳи баланд тибқи талаботи Низомнома ҷараён гирифта, донишҷӯён аз рӯйи номинатсияҳои муайяншудаи озмун давоми ду рӯз сабқат намуда, беҳтаринҳо тибқи хулосаи Комиссияи озмунӣ ба даври навбати роҳхат дода шудаанд.
Раёсати Коллеҷ барои омода намудани ғолибон ба даври ноҳиявӣ тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, то ки дар ин озмун иштирокчиён сазовори ҷойҳои намоён гардида, номи муассисаро баланд бардоранд.

Leave a Comment